Ссылки доступа

Вазъият дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон муътадил аст


Вазъият дар қитъаи марзии Қирғизистону Ӯзбекистон дар наздикии Чала-Сарт муътадил аст, хабар медиҳад Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.

Низомиёни Қирғизистон ба таври шадид қитъаи баҳсии марзи ин кишвар бо Ӯзбекистонро посбонӣ мекунанд. Як манбаъ аз Тошканд хабар медиҳад, ки марзбонони Ӯзбекистон ҳам қитъаи баҳсии мавриди назарро ба гунаи муназзам ҳифз мекунанд.

Гузоштани техникаи низомӣ аз сӯи Ӯзбекистон дар қитъаи баҳсии марзаш бо Қирғизистон дар таърихи 18 март вокуниши ҳамсони Қирғизистонро ба бор овард.

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 24 март гуфт, Қирғизистон дар масъалаи марз бо касе ҷанг кардан намехоҳад, аммо кишвараш омода аст, дар сурати таҳдид зарбаи ҷавобӣ занад. Вай ҳамчунин гуфт, дар саммити роҳбарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 23-24 июн дар пойтахти Ӯзбекистон барпо хоҳад шуд, ширкат намекунад.

XS
SM
MD
LG