Ссылки доступа

Ӯзбекистон нерӯҳояшро аз марзи Қирғизистон ақиб кашид


Ӯзбекистон тамоми нерӯҳояшро аз минтақаи Чаласарт дар марз бо Қирғизистонро берун бурд, хабар доданд аз маркази матбуотии раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев.

Раиси хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Раимбердӣ Дуйшенбиев дар сӯҳбати телефонӣ ба президент Алмосбек Отамбоев хабар додааст, ки 26-уми март ҷониби Ӯзбекистон техникаи ҳарбӣ ва низомиёнашро аз минтақаи баҳсноки марзии Чаласарти ноҳияи Оқсойи вилояти Ҷалолобод берун бурдааст.

Раиси хадамоти давлатии марзбонӣ хабар додааст, ки тибқи қарордоди ҳосилшуда, ниҳодҳои марзбонии ҳар ду кишвар тартиби маъмулии ҳифозати марзро идома медиҳанд.

Канор бурдани техникаи ҳарбӣ ва низомиёни ӯзбек баъд аз мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар таърихи 25-уми март дар гузаргоҳи марзии “Қизил-Қия-автодорожний” шурӯъ шудааст. Ба иттилои маркази матбуотии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, ин мулоқот бо дархости ҷониби Ӯзбекистон сурат гирифтааст.

Бӯҳрони навбатӣ дар марз замоне сар зад, ки 18-уми март ҷониби Ӯзбекистон дар минтақаи баҳсноки марзӣ сарбозон ва техникаи ҳарбиро ҷобаҷо кард. Дар посух Қирғизистон низ дар ин минтақа нерӯҳои изофиро ҷойгир кард.

XS
SM
MD
LG