Ссылки доступа

Ҷоиза барои нишасти изтирории ҳавопаймо дар Остона


Вазири сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон Асет Исекешев имрӯз дар Facebook навиштааст, ки халабонҳо ё сарнишинҳои ҳавопаймои ширкати Bek Air, ки дар фурудгоҳи Остона бе қурбонӣ нишасти изтирорӣ анҷом доданд, ба мукофотҳо пешбарӣ мешаванд.

Ҳавопаймои ширкати қазоқистонии Bek Air, ки аз Қизилорда ба Остона парвоз мекард, соати 10:36 ба сабаби мушкили боз нашудани пояи чархи пеш дар фурудгоҳи пойтахти Қазоқистон нишасти изтирорӣ анҷом дод. Дар дохили ҳавопаймо 116 мусофир ва 5 аъзои тими сарнишинҳо қарор доштанд.

Хабаргузориҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки аз рӯи ин ҳодиса додситонии нақлиётӣ тибқи моддаи “Вайрон кардани қоидаҳои таъмини амнияти ҳаракат ва истифодаи ҳавопаймо” парвандаи ҷиноятӣ боз карда, вазорати сармоягузорӣ ва рушд барои таҳқиқи ин ҳодиса комиссия ташкил додааст.

Фаъолияти фурудгоҳи Остона барои муддате қатъ шуда, дар парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои Air Astana, Scat, Bek Air дар самтҳои Бишкек, Алмаато, Актау, Қизилорда, Уралск таъхир пеш омад, менависад хабаргузории “Интерфакс-Қазоқистон”.

XS
SM
MD
LG