Ссылки доступа

Сафари вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Бишкек


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ бо сафари расмии дурӯза вориди Қирғизистон мешавад. Интизор меравад дар ҷараёни ин сафар вазъ ва дурнамои робитаҳои миёни Қирғизистон ва Афғонистон баррасӣ шаванд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, Салоҳуддин Раббонӣ бо президент Алмосбек Отамбоев, раиси Жогорку Кенеш ё порлумон Асилбек Жээнбеков, нахуствазир Темир Сариев ва ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷӣ Эрлан Абдилдаев, котиби Шӯрои мудофиа Темир Ҷумъақодиров ва вазири иқтисод Аризбек Кожошев мулоқот мекунад.

Дар хабари ВКХ Қирғизистон зикр шудааст, ки дар ҷараёни ин сафар баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои миёни ду кишвар, аз ҷумла рушди муколамаи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳо дар бахши фарҳангиву башардӯстона ва ҳамчунин масъалаҳои ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҷараёни ин сафар имзои санади дуҷониба дар бораи таъсиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии миёни Қирғизистон ва Афғонистон пешбинӣ мешавад, омадааст дар хабари ВКХ.

XS
SM
MD
LG