Ссылки доступа

Истифодаи қалён дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад


Вазорати тандурустӣ тарҳи қонунеро ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки дар баробари дигар маҳсулоти тамоку, истифода ва таблиғи қалёнро дар ҳудуди Тоҷикистон маҳдуд мекунад.

Ин пешниҳод ба таҳрири нави қонун дар бораи “Маҳдудияти истифодаи маҳсулоти тамоку”, ки ҳоло ҳукумат онро баррасӣ мекунад, ворид карда шудааст. Дар сурати тасдиқ шудани тарҳ, истифода ва ва таблиғи қалён дар ҷойҳои ҷамъиятӣ маҳдуд мешавад.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 27-уми март гуфт, ”мо аслан дар ин лоиҳа ба маҳдудияти маҳсулоти тамоку таъкид кардем, ки дар сурати қабул шуданаш, ба қалён низ дахл хоҳад дошт”.

Қалён солҳои ахир дар Тоҷикистон торафт маъмул мешавад ва бархе аз тарабхонаҳо барои хоҳишмандон чунин навъи чилимкаширо пешниҳод мекунанд.

XS
SM
MD
LG