Ссылки доступа

Таҳиягари ҳамлаи Париж боздошт шуд


Додситонии Голландия аз боздошти шаҳрванди 32-солаи Фаронса хабар дод, ки дар омода сохтани амалҳои террористӣ дар Фаронса гумонбар мебошад. Ӯро пулиси Роттердам боздошт кардааст.

Вай бо дархости Париж боздошт шуда, дар зудтарин фурсат ба ҷониби Фаронса супорида мешавад. Ҳамроҳ бо вай боз се нафари дигар боздошт шудаанд, ки ду нафарашон зодаи Алҷазоир мебошанд.

Раҳбарони кишварҳои ИА баъд аз ҳамлаҳои террористии моҳи ноябр дар Париж ва таркишҳои моҳи ҷорӣ дар Брюссел амалиёт бар зидди террористонро фаъол кардаанд. Дар амалҳои террористии Париж 130 нафар ва дар таркишҳои 22-март дар Брюссел 31 нафар кушта ва қариб 270 нафар захмӣ шуданд.

Рӯзи якшанбе рӯзномаи Die Welt-и Олмон навишт, ниҳодҳои амниятии Аврупо дастикам ҳашт шарики эҳтимолии террористонеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки дар ҳамлаҳои Париж ва Брюссел даст дошта, аз пайравони гурӯҳи тундрави "Давлати исломи"-янд.

XS
SM
MD
LG