Ссылки доступа

S&P Қирғизистонро "қарзгири нимбоварбахш" номид


Бунгоҳи эътимоди молии Standard & Poor's (S&P) мақоми Қирғизистонро дар сатҳи В/В тасдиқ кард. Ин маънои онро дорад, ки ҳукумати кишвар қобилияти пардохтро дорад, аммо шароити номуносиби иқтисодӣ метавонад ба имконоти вай таъсири манфӣ расонад. Дар ин бора сомонаи оҷонсӣ хабар медиҳад.

Оҷонсӣ ба вобастагии иқтисодиёти Қирғизистон аз пулҳои мефиристодаи муҳоҷирон аз Русия ишора мекунад.

Бино бар иттилои оҷонсӣ, касри буҷаи Қирғизистон дар солҳои 2016-2017 метавонад то ба 4,5 фоизи Маҷмуаи маҳсулоти дохилӣ бирасад.

Ба иттилои Вазорати молияи Қирғизистон, ҳаҷми умумии қарзи ин кишвар дар ибтидои соли ҷорӣ 3,695 миллиард доллар буд. Дар як соли охир қарзи он кишвар 1,3 фоиз афзудааст.

Пештар аз ин оҷонсии Moody’s ба ҳукумати Қирғизистон дар сатҳи "В2" мақом дода буд, ки ин мақом маънии "босубот"-ро дорад.

XS
SM
MD
LG