Ссылки доступа

Дар Ӯш "харидорон"-и раъйи мардум боздошт шуданд


Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон бо гумони "харидан"-и раъйи интихобкунандагони маҷлиси шаҳрӣ 9 нафар боздошт шудаанд. Ин интихобот 27 март баргузор гардид. Дар ин бора ба Бахши хабарии Осиёи Марказӣ сухангӯи раёсати корҳои дохилии Қирғизистон дар шаҳри Ӯш Замир Сиддиқов хабар дод.

Ба иттилои Сиддиқов, нисбати боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноятӣ таъсис нагардидааст ва дар ҳоли ҳозир онҳо шоҳидӣ медиҳанд.

Хабар дода мешавад, ҳамаи ҳизбҳое, ки вориди маҷлиси шаҳрӣ шуданд, ба интихобкунандагон пул тақсим кардаанд. Бино бар иттилои тасдиқношуда, як раъй 1,5 ҳазор сом (муъодили 150 сомонӣ) арзиш доштааст.

Бино бар натиҷаҳои пешакӣ, ба маҷлиси шаҳрии Ӯш 6 ҳизб ворид шудааст. Дар ин интихобот, дар маҷмуъ, 13 ҳизб ширкат дошт. Ҷойи аввалро Ҳизби сотсиал-демократӣ бо 30,6 дарсади раъй соҳиб шудааст. Мақоми дувумро ҳизби "Қирғизистон" (15,7 %), мақоми севумро ҳизби "Мекеним Қирғизистон" (11,8%) ишғол кардаанд. Ҳизби "Республика - Ата-Журт" 9,7 дарсад, "Бир Бол" - 8,5 ва "Онугуу-Прогресс" 8% раъйи мардумро ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG