Ссылки доступа

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳал шуд


Марзбонон тавонистанд, ки муноқишаи байни сокинони деҳаҳои марзии Оқсойи Қирғизистон ва Чоркуҳи Тоҷикистонро бартараф кунанд, хабар медиҳад Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.

Ба иттилои ин хадамот, дар доираи гуфтушунид миёни раисони деҳаҳои мазкур, сокинон дар якҷоягӣ аз дарёи Каравшин қум мегирифтанд. Аммо 27 март миёни сокинони ин ду деҳа баҳс сар задааст. Аз ду тараф то 30-35 нафарӣ ҷамъ омада, баҳс кардаанд. Сардорони дидбонгоҳҳои марзӣ ба ҷои ҳодиса омада, муноқишаро ҳал кардаанд.

Масъалаи истифодаи муштараки қум аз дарёи Каравшин дар мулоқоти раисони ҷамоати Оқсой ва Чоркуҳ имрӯз ҳал хоҳад шуд.

Вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоли ҳозир муътадил аст.

XS
SM
MD
LG