Ба иттилои намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, дар он ҷангҳо 85 тифли то 10-сола, 25 кӯдаки то 14-сола, 11 навраси то 16-сола ва чаҳор ноболиғи то 18-сола қарор доранд.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мегӯяд, 500 шаҳрванди ин кишвар дар ҷангҳои Сурияву Ироқ дар сафҳои террористон меҷанганд. То ин замон 33 шаҳрванди Қирғизистон кушта ва 40 ҷангҷӯи дигар баргаштааст.
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, вақтҳои охир шумори қирғизистониҳое, ки ба Сурия мераванд, кам шудааст.
Дар парлумони он кишвар тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ ба хотири пешгирии ҷиноятҳои террористиву тундгароӣ баррасӣ мешавад.
Тибқи ин тарҳ, гумонбарони "сармоягузории фаъолиятҳои террористӣ", "ҳамдастӣ дар анҷом амалҳои террористӣ ва ё амалҳои ба он баробар", "даъвати оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва ё пуштибонии оммавӣ аз фаъолиятҳои террористӣ" аз синни 14-солагӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳанд шуд. Тибқи қонунгузории амалкунандаи он кишвар, ҷавобгарии ҷиноятӣ аз синни 16-солагӣ шуруъ мешавад.