Ссылки доступа

Ягона рӯзномаи украинӣ дар Қрим аз нашр монд (видео)


Ягона рӯзномаи украинзабони Қрим "Кримська світлиця" ("Оинаи Қрим") аз нашр монд. Дар шумораи рӯзи 25 март навишта шудааст, ки ин нашри охирини рӯзнома дар Қрим аст.

14 март фармони роҳбари кулли Нашриёти миллии рӯзномаву маҷаллаҳо дар бораи аз Симферопол ба Киев бурдани идораи рӯзнома содир гардид. Аммо кормандони рӯзнома дар Қрим ин қарорро ноодилона медонанд ва мегӯянд, "тақрибан аз ҳамон оғоз «Кримська світлиця» - "ошное миёни бегонагон, бегонае миёни ошноён" буд".

Нашриёти миллии рӯзномаву маҷаллаҳо мегӯяд, интиқоли идораи рӯзнома ба Киев ба хотири он буд, ки соҳиби рӯзнома амнияти кормандонашро наметавонад таъмин кунад. Идораи «Кримської світлиці» ҳанӯз дар соли 2014 муҳосира ва барҳам дода шуда буд. Аз моҳи майи соли 2015 ба ин тараф рӯзнома танҳо дар шакли электронӣ нашр мешуд.

«Кримська світлиця» дар Қрим аз соли 1992 нашр мешавад. Баъди тасарруфи Қрим аз сӯи Русия дар соли 2014, чанде аз расонаҳои украингаро ва тоторҳо, ки тасарруфи Қримро эътироф намекарданд ва ё тибқи қонунгузории Русия сабти ном нашуда буданд, аз ин нимҷазира кӯчиданд.

XS
SM
MD
LG