Ссылки доступа

Тирпарронӣ дар наздикии порлумони Амрико


Шахси ношиносе дар маркази сайёҳон, воқеъ дар наздикии маҷмааи порлумонӣ тирпарронӣ кард.

Дар Вашингтон маъмурони амниятӣ роҳҳои вурудӣ ба Капитолийро, ки маҳалли ҷаласаҳои Конгресси ИМА аст, бастаанд. Дар ҳамин ҳол, хабаргузориҳо аз тирпарронӣ дар маркази сайёҳон, ки дар наздикии ин маҷмаа воқеъ аст, хабар доданд.

Ба навиштаи Associated Press, дар маркази сайёҳон марде, ки тирпарронӣ кард, боздошт шуд. Утоқе, ки ин мардро ҳабс карданд, барои тафтиши хоҳишмандони дидор аз порлумони амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин рӯз порлумон ҷаласа надошт, аммо гурӯҳи хурде аз конгрессменҳо он ҷо буданд.

Кохи сафедро низ, ки дар чандметрии Капитолий воқеъ аст, пулис муҳосира кард. Дар қабулгоҳи раиси ҷумҳури ИМА садҳо кӯдак ва волидайни онҳоро ба муносибти Иди Пок пазироӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG