Ссылки доступа

Раҳбари хадамоти кашфи Амрико аввали март ба Москва сафар кардааст


Мудири Хадамоти марказии кашфи ИМА Ҷон Бреннан дар аввали моҳи март дар ҷараёни дидораш аз Москва бо мақомоти рус ҳодисаҳои Сурияро баррасӣ кардааст.

Дар ин бора хабаргузориҳои Русия ба нақл аз сухангӯи сафорати ИМА дар Москва Уилям Стивенс навиштаанд. Аз ҷумла, аз суханони вай иқтибос оварда шудааст, ки Бреннан бо ҷониби Русия зарурати риояи муқаррароти оташбаси Сурияро баррасӣ кардаст.

Рӯзи душанбе хабаргузориҳои Русия баёнияи муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотовро чоп карданд. Ин мақомои русӣ хабар додааст, ки мудири Хадамоти марказии кашфи ИМА дар Москва дар канори мулоқоти дигараш ҳамчунин бо ҳамтоёнаш аз Идораи федеролии амниятӣ (ИФА) дидор кардааст. Муовини вазири корҳои хориҷӣ зикр кардааст, ки сафари Бреннан ба хуруҷи нерӯҳои аслии Русия аз Сурия рабт надорад.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Бреннан вақтҳои ахир дар Кремл мулоқоте накардааст.

Хабаргузориҳои ғарбӣ аз сафари Бреннан ба Русия бо истинод ба расонаҳои русӣ гузориш додаанд.

XS
SM
MD
LG