Ссылки доступа

“Парвандаи Матаев”: боздоштҳо ва маҳдудиятҳои нав


Идораи зиддифасоди Қазоқистон аз идомаи тафтиши парвандаи дуздии эҳтимолии маблағҳои давлатии ба сиёсати иттилоотӣ ҷудошуда ва боздошти гумонбарони нав дар ин қазия хабар медиҳад.

Ба иттилои хадамоти матбуотии ин ниҳод, дар ҷараёни тафтиши ин парванда Талгат Казангап, раиси феълии кумитаи алоқа, иттилоърасонии вазорати сармоягузориҳо ва рушди Қазоқистон ва Болат Калянбеков, раиси пешини ин кумита аз ҳаққи сафар ба хориҷи кишвар дар мӯҳлати тафтиш маҳрум шудаанд.

Раиси Иттифоқи хабарнигорони Қазоқистон Сейтқазӣ Матаев, писараш Асет Матаев – раҳбари хабаргузории КазТАГ, мансабдорони пешини кумитаи алоқа ва иттилоърасонӣ Болат Берсебаев, Бек Арпабаев ва мудири кулли рушди стратегии ширкати “Казахтелеком” Батир Маханбетажиев аз гумонбарони ин парванда ҳастанд.

Сейтқазӣ Матаев аз моҳи феврали соли ҷорӣ дар ҳабси хонагист. Имрӯз додгоҳи Остона ҳукм кард, ки Асет Масаев низ ба ҳабси хонагӣ гирифта шавад. Ҳамчунин Берсебаев, Арпабаев ва Маханбетажиев ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуданд. Ҳамаи инҳо дар дуздии маблағҳои иттилоотиву таблиғотӣ айбдор мешаванд.

Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ба монанди Кумитаи ҳимояи хабарнигорон (CPJ) ва Article 19 аз таъқиби ҷиноятии Сейтқазӣ Матаев изҳори нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG