Ссылки доступа

Ҷоми ҷаҳонии футбол: Набарди Тоҷикистон ва Қирғизистон


Тими миллии футболи Қирғизистон имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон барои роҳхат ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонӣ-2018 бозӣ мекунад. Дар ин бора аз маркази матбуотии Федератсияи футболи Қирғизистон хабар доданд.

Бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.

Тими мунтахаби Қирғизистон бо либоси варзишии ранги сурх ва тими Тоҷикистон бо либоси сафедранг бозӣ мекунанд.

Дирӯз нишасти хабарии пеш аз бозӣ баргузор шуд. Александ Крестинин, сармураббии мунтахаби миллии Қирғизистон зикр кард, ки бозӣ хеле шавқовар хоҳад шуд. “Умедворем, варзишгоҳ пур аз мухлис мешавад. Ва албатта, бозии хуберо интизорем. Фикр мекунам, ҳар ду тим қодиранд ба ҳамдигар бозии хуберо нишон диҳанд. Бозии фардо ин сабқат аст. Тоҷикистон ҳамеша бо Қирғизистон бозии ҷолибе намоиш медод”, - гуфт мураббӣ.

Дар посух ба ин савол, ки чӣ ҳисоби бозӣ метавонад ӯро қаноатманд созад, Крестинин гуфт: “Танҳо пирӯзӣ. Мо ба майдон танҳо барои пирӯзӣ мебароем”.

Ёдовар мешавем, Қирғизистон дар гурӯҳи В рақиби тимҳои Австралия, Урдун, Тоҷикистон ва Бангладеш аст. Бозии имрӯза барои тими мунтахаби Қирғизистон дар бозиҳои интихоботии ҷоми ҷаҳонии соли 2018 охирин аст. Қирғизистон дар ин гурӯҳ баъд аз Австралия ва Урдун дар ҷойи севум аст ва имкони ба даври дигари мусобиқот гузаштанро надорад.

XS
SM
MD
LG