Ссылки доступа

Ҳавопаймои рабудашудаи Egyptair дар Кипр фуруд омад


Ҳавопаймои мусофирбареро, ки аз Искандария ба Қоҳира парвоз мекард, кӣ ва барои чӣ рабудааст, ҳанӯз иттилоъ дода намешавад.

Ҳавопаймои рабудашудаи А320 мутаалиқ ба ширкати ҳавоии Egyptair, ки аз Искандария ба Қоҳира парвоз мекард, дар фурудгоҳи Ларнаки Кипр ба замин нишаст. Дар ин бора Би-би-сӣ хабар медиҳад.

Эҳтимол дорад, дар ҳавопаймо дастгоҳи тарканда насб шуда бошад. Бино бар иттилои расонаҳои Кипр, ин ҳавопаймо ҳомили 55 мусофир ва 7 узви ҳайати сарнишинон аст.

Бар асоси бархе аз маълумотҳо, як шахси мусаллаҳ дар дохили ҳавопаймост. Нашрияи юнонии Protothema хабар медиҳад, рабояндагони ҳавопаймо ният доранд, занону кӯдаконеро, ки шаҳрванди Мисранд, раҳо кунанд.

Дар робита ба ин ҳодиса дар Кипр ду ситоди буҳронӣ таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG