Ссылки доступа

Деҳқонони тоҷик Сталинро ҳифз кардаанд


Муҷасаммаи роҳбари пешини замони шӯравӣ Иосиф Сталин дар деҳаи Ашти Болои вилояти Суғд то имрӯз ҳифз шудааст.

Ҳайкали барқади Иосиф Сталин, ки 172-сантиметр баландӣ дорад, дар соли 1956 бо пули кишоварзони колхози ба номи Молотови деҳаи Ашт бунёд шуда ва аз мавҷи саркӯбу нобудсозии муҷассамаю аксҳои Иосиф Сталин дар замони “мубориза бо шахспарастӣ”-и раҳбари баъдии Шӯравӣ Никита Хрушёв эмин мондааст.

Рустам Бегматов, мудири пешини мактаби рақами 14-и деҳаи Ашт ва нафақахӯр, ки довталабона нигоҳубини ин пайкараро ба ӯҳда гирифтааст, мегӯяд, ин ҳайкали гаҷӣ бо мурури замон фарсуда шуда, панҷ сол пеш дасти чапаш аз оринҷ поён шикаст. Духтури беморхонаи деҳа Ҷамол Маҳмудов бо истифода аз гаҷ ва семент муҷассамаро тармим кардааст.

Арабҷон Толибов, сармутахассиси хадамоти назорат ба маорифи ноҳияи Ашт ва аз ҳаводорони шахсияти Иосиф Сталин мегӯяд, гурӯҳи “сталинчиёни ашаддӣ”, ки бештарашон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ё Ҷанги Ҷаҳонии дуюм буданд, он замон ҳайкалро дар паси ғӯзапоя аз назари ҳайати ҳукуматии масъули харобсозии муҷассамаҳои Сталин пинҳон доштаанд.

Ҷаноби Толибов гуфт, пас аз барканории Никита Хрушёв дар соли 1964 муҷассамаи Иосиф Сталин дубора дар маърази тамошои умум қарор гирифт. Ҳанӯз дар Тоҷикистон омори расмие дар мавриди қурбониёни террору таъқиби сталинӣ мунташир нашудааст. Вале бар асоси асноди таърихӣ, теъдоди зиёди чеҳраҳои саршиноси сиёсию давлатӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, назири Шириншо Шотемор, Чинор Имомов, Нусратулло Махсум ва Абдулло Раҳимбоев, раҳбарони вақти ҳизбу ҳукумати Тоҷикистон низ дар ҳамон даврони раёсати Сталин бо айбномаҳои “душмани халқ, миллатгарои буржуозӣ ва тротскийчиҳо” боздошт, аз суфуфи ҳизби коммунист ихроҷ ва сипас қатл шудаанд.

XS
SM
MD
LG