Ссылки доступа

Ҳамаи масҷидҳои Душанбе зери назорат гирифта мешаванд


Мақомоти пойтахт ҳамаи кормандони арсаи динро вазифадор карданд, ки дар зудтарин фурсат дар ҳамаи масҷидҳои шаҳри Душанбе барои анҷоми намозҳои панҷвақта дурбинҳои назоратӣ насб кунанд. Ин таҷҳизоти амниятиро масҷидҳои ҷомеъ вазифадоранд аз маблағҳои худ харидорӣ ва насб кунанд.

Ба иттилои маркази матбуотии шаҳрдорӣ, ин тасмимҳо ба хотири таъмини амнияти диндорон, пешгирӣ аз ҳолатҳои ғайричашмдошт ва таъмини тартиботи умумӣ гирифта шудааст.

Зимнан, дар солҳои ахир амнияти намозгузоронро дар масҷид маъмурони милитсия таъмин мекарданд. Онҳо дар назди дарвозаҳои масҷидҳо назорат мекарданд, ки наврасон ба саҳни масҷид ворид нашаванд. Зеро, чанд сол пеш дар Тоҷикистон вуруди ҷавонони зери 18-сола ба масҷидҳо манъ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи Кумитаи корҳои дин Афшин Муқим 29-уми март хабар дод, ки чунин тасмимҳо танҳо ба масҷидҳои пойтахт дахл доранд. Ба гуфтаи вай, барои иҷрои ин қарор кормандони дин метавонанд аз маблағҳои сандуқи хайрия истифода кунанд.

XS
SM
MD
LG