Ссылки доступа

Мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон сабукдӯш шуданд


Раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 30 март бо тасмими худ ситоди мураббиёни мунтахаби миллии кишварро ба истеъфо фиристод.

Ба ин тартиб, Мубин Эргашев - иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаб - ҳамроҳ бо ёваронаш "бино ба натиҷаҳои ғайриқаноатбахши мунтахаби миллии Тоҷикистон" дар марҳилаи дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон – 2018 аз вазифаашон барканор шуданд. ​Дастаи Тоҷикистон дар ин марҳила дар гурӯҳи "В" дар мақоми чорум ҷой гирифт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои Ҷоми Осиё - 2019 ситоди нави мураббиён омода хоҳад кард. Номи сармураббии нави мунтахаби кишвар ба зудӣ эълон мешавад, ки баъдан ӯ ёваронашро интихоб хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG