Ссылки доступа

Сафари Штайнмайер ба Осиёи Марказӣ оғоз мешавад


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер, ки ҳамзамон раиси Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мебошад, сафари серӯзааш ба Осиёи Марказиро оғоз мекунад. Тибқи баёнияи нашршудаи ВКХ Олмон, Штайнмайер аз Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дидан мекунад.

Дар остонаи ин сафар Штайнмайер Осиёи Марказиро “минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ” номид. Ба эътиқоди вай, Осиёи Марказӣ “имкониятҳои фаровони иқтисодӣ” дорад ва ба ин сабаб “барои суботи фаромиллӣ таҳдидҳои ҷиддиеро низ ба ҳамроҳ аст”. Вай ҳамчунин зикр кард, ки дар Осиёи Марказӣ манфиатҳои бозигарони бузурги минтақавӣ ба монанди Русия, Чин ва Эрон бо ҳам бархӯрдаанд.

Тибқи баёнияи ВКХ Олмон, масъалаҳои мубориза бо терроризм, ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ аз мавзӯъҳои барномаи мулоқотҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG