Ссылки доступа

Обама аз суҳбаташ бо Путин сари таҳрири мақолаҳо ёд кард


Ҷузъиёти ин сӯҳбатро Обама ҳангоми хӯроки шом дар маросими тақдими ҷоизаи Тонер барои дастовардҳои бузург дар арсаи хабарнигории сиёсӣ дар соли 2015 нақл кардааст.

Президенти ИМА Барак Обама дар яке аз сӯҳбатҳо бо раҳбари Русия ба ин нукта ишора кард, ки дар муқоиса бо Владимир Путин вай пеш аз чоп мақолаҳои дорои нақли қавлҳои худро таҳрир намекунад.

Ба навиштаи нашрияи The Blaze, Обама аз сӯҳбаташ бо Путин дар бораи мақолае дар маҷаллаи Atlantic ёдоварӣ кардааст. Дар ин матлаб сухан аз сиёсати хориҷии раҳбари ИМА рафтааст. Ба гуфтаи Обама, Путин аз чанд иқтибоси он матлаб изҳори норозигӣ кардааст. Обама дар посух ба ин нигаронӣ гуфтааст, ки на ҳама аз иқтибосҳои дар матлаб оварда шуда баёнгари назараш дар ин ё он масъала буданд. “Вале барояш ҳамчунин гуфтам, ки дар муқоиса бо ту, Владимир, ман матлабҳоро пеш аз чоп таҳрир намекунам”, - афзуд Обама.

Дар миёни мавзӯъҳои дигар Путин ҳамчунин аз бозтоби маъракаи интихоботи президенти ИМА дар расонаҳо гуфтааст. Барак Обама ишора кард, ки вай аз “сӯҳбатҳои дурушт, ҳодисаҳои бетартибӣ дар ҳамоишҳо, ваъдаи ғайривоқеии пешазинтихоботӣ, ки дар расонаҳо чоп мешаванд” нигарон аст. Вай аз хабарнигорон даъват кард, ки дар маъракаҳои интихоботӣ аз масъулият кор гиранд ва ба меъёрҳои баланди кори худ арҷ гузоранд.

XS
SM
MD
LG