Ссылки доступа

Эътирози сокинони Самарқанд аз қатъи лӯлаи газ


Бештар аз 150 сокини деҳаи Булунгур-ариқи ноҳияи Булунгури вилояти Самарқанди Ӯзбекистон аз қатъи ғайриқонунии лӯлаи газ норозӣ ҳастанд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ба буридани лӯлаи газе, ки бо маблағи сокинон сохта шудааст, роҳ намедиҳанд ва аз мақомот мехоҳанд, то кормандони идораи таъмини газ деҳаро тарк кунанд.

Яке аз омӯзгорони деҳа мегӯяд, давоми чанд сол аз газ истифода мебурданд, баъдан интиқоли он қатъ шудааст. "Аммо мардум ҳанӯз ҳам умедвор аст, ки тавассути ин лӯлаҳо ба манзилҳояшон газ меояд. Мақомоти маҳаллӣ бошанд мехоҳанд лӯлаҳои газеро, ки мардум бо маблағи худ харидааст, бифурӯшанд. Ин лӯлаҳо тақрибан 2 ҳазор метр дарозӣ доранд ва мақомот маблағи фурӯши онҳоро ба ҷайби худ хоҳанд зад", - гуфт ин омӯзгор.

Сардори идораи таъмини гази ноҳияи Булунгур Тоҳир Сулаймонов хабари эътирози мардумро тасдиқ кард.

"Мо фармони ҳокими ноҳияро дар даст дорем, ки тибқи он мо бояд лӯлаҳои гази деҳаҳоеро, ки газ надоранд, қатъ кунем ва ин лӯлаҳоро ба деҳаҳои дигар барем. Ин лӯлаҳо дар баланси идораи газ ҳастанд. Аммо сокинон ба кӯча баромада, маро нагузоштанд, ки корамонро анҷом диҳем. Аз ҳамин хотир ҳоло мо буридани лӯлаҳоро қатъ кардем", - гуфт Сулаймонов.

Вақтҳои охир дар робита ба набудани газу нерӯи барқ мардуми Ӯзбекистон бештар эътироз мекунанд.

XS
SM
MD
LG