Ссылки доступа

Даъвати ИА аз Назарбоев ба риояи ҳуқуқи инсон (видео)


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Брюссел бо роҳбари Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск мулоқот кард.

Онҳо масоили ҳамкории Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар бахши сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ карданд, хабар медиҳанд расонаҳои расмӣ. Назарбоев ҳамчунин бо роҳбари Комиссияи Аврупоӣ Жан-Клод Юнкер мулоқот кардааст.

- Ман масъалаи риояи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистонро ба баррасӣ гузоштам. Ман масъалаи муносибати бераҳмона бо ҳуқуқи инсонро дар ин кишвар бардоштам. Ман то андозаи нозирони дигари хориҷӣ аз ин масъала огоҳ нестам, аммо ман Назарбоевро бештар аз 30 сол аст, ки мешиносам. Ман медонам, эҳсос мекунам, ки вай нисбати ин масоил ҳассос аст, ба вижа вақте суол ба муносибати ҳукумати Қазоқистон бо созмонҳои ғайридавлатӣ рабт мегирад, - гуфт Жан-Клод Юнкер.

ВИДЕО АЗ БРЮССЕЛ:

Назарбаеву о правах человека
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:59 0:00

Ин моҳ Қазоқистон созишномаи ҳамкории густаришёфта бо Иттиҳоди Аврупоро имзо кард. Бино бар он робитаҳои ду тараф дар чандин самт афзоиш хоҳанд ёфт.

Президенти Қазоқистон рӯзи 29 март бо сафаре вориди Белгия шуд. Ин ҳафта ӯ дар ҳамоиши дурӯзаи сарони кишварҳо дар масъалаи амнияти ҳастаӣ дар Вашингтон ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG