Ссылки доступа

Штайнмайер аз Тошканд риояи ҳуқуқи инсонро хост


Вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар ҷараёни сафараш ба Ӯзбекистон аз раҳбарияти ин кишвар хост, ки "ба самти беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон ҳаракат кунад".

Баъд аз вуруд ба Тошканд, Штайнмайер, ки ҳамзамон раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) мебошад, бо президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов мулоқот кард.

Ҷонибҳо робитаҳои дутарафа, масъалаҳои минтақаӣ ва байналммилалӣ, бо шумули ширкати САҲА дар равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии минтақаро баррасӣ карданд. Хабар дода мешавад, ки Штайнмайер аз таваҷҷӯҳи Берлин ба "муколамаи озод" дар мавриди вазъи сиёсии дохилӣ дар Ӯзбекистонро паём додааст.

Дар остонаи сафари худ Штайнмайер Осиёи Марказиро "минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ" номид. Қарор аст вазири корҳои хориҷии Олмон аз Қирғизистон ва Тоҷикистон низ дидан кунад.

XS
SM
MD
LG