Ссылки доступа

Тоҷикистон аз сафари 34 тан ба Сурия ва Ироқ пешгирӣ кард


Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз аз сафари 34 шаҳрванд ба Сурияву Ироқ ҷилавгирӣ карда, 147 тани дигарро, ки дар Сурияву Ироқ буданд ва ё қасди сафар ба он ду кишвари ҷангзадаро доштанд, ба ватан баргардондааст.

Мақомоти кишвар барои онҳое, ки аз рафтани худ ба Ховари Миёна ва пайвастан ба гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” сидқан изҳори пушаймонӣ мекунанд, афви гуноҳ низ пешниҳод кардаанд.

Бино бар хабарҳои расмӣ, дар ҳоли ҳозир беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундрав ва асосан “Давлати исломӣ” будаанд. То имрӯз дар бораи ҳалокати наздик ба 150 ҷангҷӯи тоҷик дар он ду кишвар гузориш шудааст. Даҳҳо шаҳрванди дигар дар Афғонистону Покистон ба гурӯҳҳои ифротие, ба мисли "Ансоруллоҳ" ва "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” пайвастаанд.

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон мегӯяд, 85 дарсади ин афрод ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳҳои тундгаро афтодаанд.

XS
SM
MD
LG