Ссылки доступа

Даъвати Порошенко аз ИМА ва ИА ба ҳимояи рӯйхати "Савченко-Сентсова"


Президенти Украина Петр Порошенко фармони таҳрими онҳоеро, ки дар анҷоми амалҳои ғайриқонунӣ нисбати Надежда Савченко, Олег Сентсов ва Александр Колченко даст доранд, имзо кард. Дар ин рӯйхат 84 насаб шомил аст.

Порошенко аз ИМА ва Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки ба таҳрими рӯйхати "Савченко-Сентсова" пайванданд. Ин ҳарфҳоро президенти Украина дар суханронӣ дар конгресси ИМА баён кардааст.

Порошенко гуфтааст, дасти кам 11 шаҳрванди Украина дар Русия маҳбуси сиёсӣ шудаанд. Бархе аз ин маҳбусон, аз ҷумла Надежда Савченко, дар ҳолати шадид қарор доранд.

22 март додгоҳе дар Русия низомии украинӣ Надежда Савченкоро 22 сол зиндонӣ кард. Додгоҳ ӯро ба ҳамдастӣ дар куштори ду хабарнигори рус дар тобистони соли 2014 айбдор донист. Коргардони украинӣ Олег Сентсов ва фаъоли ҷамъиятӣ аз Қрим Александр Колченко дар Русия ҳар кадоме мутаносибан ба 20 ва 10 сол зиндонӣ шуданд. Додгоҳ онҳоро дар терроризм айбдор кард.

Ҳеч кадом аз ин шарҳвандони Украина, ки дар Русия зиндонӣ шудаанд, айбҳои эълоншударо эътироф намекунанд. Бархе аз созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ аз онҳо ба унвони "маҳбусони сиёсӣ" ном мебаранд.

XS
SM
MD
LG