Ссылки доступа

Ҳамоиши амнияти ҳастаӣ бе ширкати Русия оғоз ёфт


Барои ширкат дар ҳамоиши амнияти ҳастаӣ роҳбарони даҳҳо кишвари ҷаҳон ва ҳайатҳои расмӣ вориди Вашингтон шудаанд. Русия нахост дар ин саммит ширкат кунад. Ғарб мегӯяд, ин тасмими Русия ба сардшавии робитаҳои Москва бо НАТО баъди ғасби Қрим ва низои мусаллаҳона дар шарқи Украина рабт дорад.

Ширкатдорони ҳамоиши сарон роҳҳои ҳифзи масолеҳи ҳастаиро баррасӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, набояд ин мавод ба дасти тундравон афтода, сабаби бунёд шудани "бомбаи худсохт" гардад.

Дар қатори масъалаҳои нишаст барномаи атомии Куриёи Шимолӣ ва зарфияти таҳдидҳои ин кишвар низ баррасӣ мешавад, ки борҳо аз озмоиши силоҳ ва мушакҳои масофаи гуногун хабар додааст.

Муовини мушовири амнияти миллии ИМА Бен Родс гуфт, саммит имконият фароҳам меорад, ки масъалаи пешгирӣ аз дастёбии террористон ба маводи атомӣ баррасӣ шавад. Ба гуфтаи вай, баъди саммити нахустини амнияти ҳастаӣ, ки соли 2010 дар Вашингтон баргузор шуд, дар ин самт "корҳои зиёде анҷом ёфт". Родс ҳамчунин гуфт, Русия, ки нахост дар ин саммит ширкат кунад, "худаш худро гӯшанишин кард".

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков сарпечӣ аз ширикат дар ин ҳамоишро ба "камбуди муайяни ҳамкорӣ дар коркарди пешакии масъалаҳо ва мавзуъҳои нишаст" бастагӣ дод.

Ҳамоиш бо ташаббуси президенти ИМА Барак Обама шуруъ аз 2010 соле ду бор баргузор мешавад. Дар ду нишасти аввал президенти пешина Дмитрий Медведев ва сипас вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров аз Русия намояндагӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG