Ссылки доступа

Духтари президенти Қирғизистон насабашро иваз мекунад (видео)


Духтари хурдии президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, рассом Алия Шагиева гуфт, ният дорад, ки насабашро иваз кунад. Вай ин тасмимро баъди он гирифт, ки ӯро дар худситоӣ айбдор карданд. Алия дар ин бора дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар додааст.

"Ман тамоми умр насаби модарамро доштам, ҳоло ҳатто шиносномаамро иваз хоҳам кард, то ин ки ба ман танҳо ба хотири наздиконам таваҷҷуҳ накунанд. Метавонед аз дӯстонам бипурсед, ки ман баъди ин овозаҳо чӣ гуна ранҷ мекашидам", - навиштааст Алия Шагиева.

"Аз ҳеч хабаргузорие хоҳиш накардаам, ки бо ман мусоҳиба кунанд, худашон аз ман хоҳиш кардаанд, ҳангоми мусоҳиба бошад, ман ба ҳеч ваҷҳ насаби кунуниамро зикр накардаам", - дар идома навиштааст вай.

Тавре пештар иттилоъ расид, Алия Шагиева дар Бишкек намоиши расмҳои худро баргузор кард ва маблағи ҷамъшуда - бештар аз 200 ҳазор сом (муодили 20 ҳазор сомонӣ)-ро барои корҳои нек хайр намуд. Ин пул барои табобати кӯдаконе, ки аз синдроми Даун ранҷ мебаранд, сарф хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG