Ссылки доступа

Отамбоев ва Штайнмайер амнияти минтақавиро баррасӣ карданд


Президент Алмосбек Отамбоев бо раиси феълии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер мулоқот кард. Ин мақоми олмонӣ дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон омад. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии раиси ҷумҳури Қирғизистон хабар доданд.

Тибқи иттилои ин манбаъ, дар ҷараёни дидор сатҳи баланди ҳамкории Қирғизистон ҳам бо САҲА ва ҳам бо Олмон зикр аа самтҳои асосии ҳамгироии минбаъда дар арсаҳои мухталиф баррасӣ шуд.

Отамбоев ва Штайнмайер дар мавриди масъалаҳои муҳими сиёсии ҷаҳонӣ табодули назар карда, нуктаҳои асосии фаъолият барои таъмини амнияти минтақавӣ ва пешгирӣ аз таҳдидҳои муосирро баррасӣ намуданд.

Раҳбари вазорати корҳои хориҷии Олмон ба рушди минбаъдаи робитаҳои миёни кишвараш бо Қирғизистон таъкид кард.

Ҳамчунин дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, пешрафти минбаъдаи демократия ва озодии баён дар Қирғизистон, рушди ниҳодҳои демократӣ ва идомаи ҳамкорӣ дар баргузории интихоботҳои озод ва воқеӣ дар кишвар баррасӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG