Ссылки доступа

Ду муштзани қазоқ ба Олимпиада роҳхат гирифтанд


Ду муштзани қазоқ дар мусобиқаи Осиёӣ ва Уқёнусия дар шаҳри Тзянани Чин дар муҳорибаҳои ниҳоӣ пирӯз шуда, соҳиби роҳхат ба бозиҳои олимпии соли ҷорӣ дар Рио-де-Жанейро шуданд.

Абилайхан Жусипов, ки дар вазни то 64 килограмм муштзанӣ мекунад, дар муҳорибаи ниҳоӣ ба муштзани чинӣ Тсянксун Ху бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Тибқи қоидаҳои ин мусобиқа, се варзишгари аввалӣ дар набардҳои ниҳоӣ дар ҳар намуди вазн соҳиби роҳхат ба Олимпиада мешаванд.

Соҳиби роҳхати дувуми ба мусобиқаҳои оянда қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2013 Жанибек Алимханулӣ шуд, ки дар вазни то 75 килограмм ҳунарнамоӣ мекунад. Баъд аз қисмати дувум дар набарди ниманиҳоӣ довар муштзаниро қатъ карда, Алимханулиро бар Шинебаяр Нармандахди аз Муғулистон ғолиб донист.

Дар вазни то 56 килограмм Кайрат Ергалиев, ки дар набард бо муштзани ҳиндӣ Шив Тап мағлуб шуда буд, интизор меравад барои пайдо кардани роҳхат ба Олимпиада бо Марио Фернандеси филлипинӣ ворид рақобат шавад.

XS
SM
MD
LG