Ссылки доступа

Минарӯбони Русия вориди Сурия шуданд


Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад, ки нахустин гурӯҳи мутахассисон барои тоза кардани шаҳри қадимаи Полмиро аз минаҳо вориди Сурия шудааст.

Дар моҳи ҷорӣ артиши Сурия бо истифода аз зарбаҳои ҳавоии Русия назорати шаҳри Полмироро, ки тӯли қариб даҳ моҳ зери тасарруфи гурӯҳи тундгарои “Давлати исломӣ” буд, дубора ба даст овард.

Русия ба ҳукумати Сурия ваъда дод, ки барои аз мина тоза кардани қисмати қадимаи шаҳр кӯмак мекунад. Дар баёнияи вазорати мудофиаи Русия гуфта шудааст, ки субҳи имрӯз ба пойгоҳи низомии Русия дар Сурия ҳавопаймо бо гурӯҳи нахустини минарӯбон фуруд омад. То ҳол иттилоъ дар бораи замони ба Полмиро омадани ин гурӯҳ пахш нашудааст. Интизор меравад раванди тоза кардани шаҳр аз мина чанд моҳро дар бар гирад.

XS
SM
MD
LG