Ссылки доступа

Дар Туркия гумонбари қатли халабони рус боздошт шуд


Дар Туркия гумонбар дар қатли халабони ҳавопаймои низомии рус Олег Пашков боздошт шуд, ки 25-уми ноябри соли 2015 баъд аз мавриди тирборон қарор гирифтани ҳавопаймоаш аз тарафи ҳавопаймоҳои туркӣ худро бо чатр ба замин партофт.

Расонаҳои русӣ менависанд, ки маҳз Алпарслан Челик масъулияти қатли Пешковро бар дӯш дорад. Вай ҳангоме ҳадафи тир қарор гирифт, ки бо чатр ба самти замин мефаромад.

Рӯзномаи туркии “Ҳуррият” хабар медиҳад, ки рӯзи чаҳоршанбе дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Измир 14 нафар бо шумули Алпарслан Челик боздошт шудаанд. Ба иттилоъи “Ҳуррият” онҳо ҳамагӣ дӯсти ҳамдигар буда, зидди режими президенти Сурия Башор Асад ҷангидаанд.

Пулис онҳоро баъд аз занги телефонии нафаре боздошт кард, ки аз ҳузури нафарони мусаллаҳ дар тарабхона хабар додааст. Аз онҳо як автомати Калашников, ду туфангча ва миқдори зиёди тир мусодира шудааст.

Ҳодисаи сарнагунии ҳавопаймои низомии русии Су-24 дар минтақаи марзи миёни Туркия ва Сурия ба ташаннуҷи робитаҳои миёни Москва ва Анқара сабаб шуд. Русия он вақт зидди Туркия таҳримҳо роҳандозӣ кард.

XS
SM
MD
LG