Ссылки доступа

Назарбоев: Иттиҳоди Авруосиё тарҳи соф иқтисодист


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Вашингтон гуфт, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) “танҳо тарҳи иқтисодӣ” аст ва он ҳадафи эҳёи Иттиҳоди Шӯравиро надорад.

Ин суханҳоро Назарбоев дар мулоқот бо ходимони ҷамъиятӣ дар пойтахти ИМА гуфт. Президенти Қазоқистон ба ИМА барои ширкат дар ҳамоиши ҳастаӣ омадааст.

Назарбоев гуфт, ки “минтақаи Авруосиё дар сиёсати ҷаҳонӣ аз аҳамияти калидии фаромиллӣ ва муҳими иқтисодӣ бархурдор аст”, навиштаанд расонаҳои расмӣ.

"Ин як иттиҳоди иқтисодист, ки дорои қоидаҳои ягонаи ҳаракати маҳсулот, хадамот, маблағ ва захираҳои меҳнатӣ мебошад. Мехоҳам таъкид кунам, ки ҳеҷ ҳадафи эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ дар он вуҷуд надорад. Бояд чунин мафҳуму бардоштҳои замони “ҷанги сард” аз байн бурда шаванд, чунки ба ояндабинии дуруст халал мерасонанд. Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё тарҳи соф иқтисодист, - иқтибос овардааст хадамоти матбуотии президент.

Ба ИИАО ба раҳбарии Русия ҳамчунин Қазоқистон, Арманистон, Белорус ва Қирғизистон аъзоянд.

XS
SM
MD
LG