Ссылки доступа

Штайнмайер вориди Душанбе шуд


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, раиси феълии САҲА Франк-Валтер Штайнмайер бо сафари расмӣ ба Душанбе омад. Вай аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан мекунад.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷараёни ин сафар Франк-Валтер Штайнмайер бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Аслов мулоқот мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки сафари раҳбари ВКХ Олмон ба рушди робитаҳои миёни Душанбе ва Берлин таккони ҷиддӣ мебахшад. Душанбе Олмонро шарики муҳими худ дар Аврупо медонад. Берлин танҳо дар 14 соли ахир ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 250 миллион евро кумакҳои бебозгашт кардааст. Аммо дар арсаи ҳамкориҳои иқтисодӣ зарфиятҳои бузургтарин иқтисоди Аврупо истифода нашудааст

Тибқи омори расмии Олмон, дар соли 2015 содироти ин кишвар ба Тоҷикистон ба маблағи ҳамагӣ 45 миллион евро ва воридот аз Тоҷикистон ба маблағи танҳо 1,8 миллион евро анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG