Ссылки доступа

Қурби ғайрирасмии доллар дар Туркманистон 60% боло рафт


Нархгузорӣ дар Туркманистон ба қурби ғайрирасмии доллар вобастагии мустақим дорад. Қурби доллар дар бозори сиёҳ дар рӯзҳои ахир якбора боло рафта, аз қурби расмӣ дар кишвар 60% бештар шуд.

“Ҳоло ҳамаи муомилоти шахсии харидуфурӯши манзил, мошин ва моликияти дигари ғайриманқул ва фаъолиятҳои тиҷоратии хусусӣ бо доллар сурат мегиранд. Биноан баробари афзоиши қурби доллар дар бозори сиёҳ нархҳо боло мераванд”, - гуфт шореҳи RFE/RL дар Туркманистон Аманмурод Бугаев. Ба гуфтаи вай, расман амалиёти хариду фурӯш бо манат анҷом мешавад, аммо ҳангоми доду гирифт доллар медиҳанд. Фурӯши асъори хориҷӣ ба аҳолӣ дар Туркманистон манъ шудааст.

Қурби расмии манати Туркманистон аз моҳи январи соли 2015 тағйир наёфта, баробари 3,50 манат ба як доллари ИМА аст. Вале фурӯши асъори хориҷӣ ба аҳолӣ бо қарори махсуси Бонки марказии Туркманистон аз 12-уми январи соли 2016 манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG