Ссылки доступа

Сарояндаи "номақбули" Ӯзбекистон шаҳрванди Туркия шуд


Сарояндаи шинохтаи ӯзбек ва бастакор Абдулазиз Карим шаҳрвандии Туркияро дарёфт кард. 29 март сарвазири Туркия Аҳмад Довудоғлу шахсан ба вай мактуб фиристода, шаҳрвандӣ додааст.

Дар ин мактуб, ки ба унвонии Абдулазиз Карими 41 сола фиристода шудааст, гуфта мешавад, ки сароянда "ба таври истисноӣ" шаҳрвандӣ дарёфт кардааст.

Бино бар қонунҳои Туркия, ҳар кӣ даъвои дарёфти шаҳрвандии ин кишварро дорад, бояд дар ҳудуди он ҳадди ақал 5 сол истиқомат дошта бошад. Аммо ба Абдулазиз Карим ҳамагӣ дар давоми 10 моҳ шаҳрвандӣ дода шудааст.

- Ин барои ман хеле хабари хушҳолкунанда буд. Даҳ моҳ пеш ҳукумати Туркия аз ман хоста буд, ки ҳуҷҷатҳоямро бидиҳам. Ба ман гуфтанд, ки онҳо ба эҷодиёти ман таваҷҷуҳ доранд. Дар Ӯзбекистон маро ҳамчун сароянда мешинохтанд, аммо ҳамчун бастакор ман ном набароварда будам. Ман ҳатто опера ҳам навиштаам. Ман онҳоро инҷо ба саҳна гузоштам, - гуфт Абдулазиз Карим.

Абдулазиз Карим, "Артисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон" дар моҳи майи соли 2015 Ӯзбекистонро тарк кард. Сабаби ин муҳоҷират, маҳдудияте будааст, ки ҳукумати Ӯзбекистон нисбати сурудҳои вай ҷорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG