Ссылки доступа

“Истиқлол” бори шашум соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон шуд


Тими футболи “Истиқлол”-и Душанбе баъд аз пирӯзӣ бо ҳисоби 3:2 бар тими “Хуҷанд” бори шашум соҳиби Суперҷоми футболи Тоҷикистон шуд.

Рӯзи якшанбеи 3-апрел дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бозӣ барои дарёфти Суперҷоми соли ҷорӣ миёни тими қаҳрамон, соҳиби Ҷоми Тоҷикистони соли гузашта ва тими соҳиби ҷои дувуми мусобиқаи қаҳрамонӣ, тими “Хуҷанд” баргузор шуд. “Истиқлол” бо ҳисоби 3:2 ғалаба карда, бори шашум соҳиби Суперҷоми футболи Тоҷикистон шуд.

Суперҷоми футболи Тоҷикистон аз соли 2010 баргузор мешавад ва соҳиби нахустини он тими “Истиқлол” буд. Сипас, ин тим дар солҳои 2011,2012, 2014 ва 2015 ин ҷоми пуршарафро соҳибӣ кардааст. Суперҷом танҳо як бор, дар соли 2013 ба тими “Равшан”-и Кӯлоб супорида шуд. Дар он сол футболбозони ин тим дар майдони худ тими “Регар-ТадАЗ” аз шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда буданд.

XS
SM
MD
LG