Ссылки доступа

Ифшои миллиардҳо доллари махфии сиёсатмадорон


Консорсиуми байналхалқии рӯзноманигорони муҳаққиқ дороиҳои махфии ҳамсафони президенти Русия Владимир Путинро дар суратҳисобҳои офшорӣ ошкор кард. Дар маҷмуъ ин дороиҳо ба ду миллиард доллар мерасанд. Ин иттилоъ дар доираи гузориши нави "Ҳуҷҷатҳои Панама" нашр шуд.

Ин гузориш якбора бо чанд забон аз сӯи чандин созмон нашр гардид. Ин гузориш ё таҳқиқот ба ҳуҷҷатгузории ширкати ҳуқуқии панамоӣ такя мекунад ва мавҷи пулҳои шубҳаноки саросари ҷаҳонро ҳадаф дорад. Маълумоти нашршуда на танҳо бо одамони Кремл, балки ба президенти Украина, сарвазирони Исландия ва Покистон, фарзандони президенти Озарбойҷон, шоҳи Арабистони Саудӣ ва афроди дигар рабт доранд.

Тибқи гузориш, навозандаи виолон аз Питер Сергей Ролдинг, дӯсти деринаи Путин, 100 миллион доллар дорад. Ин пулҳоро Ролдинг қисман аз "шарофати" дӯстиаш бо тоҷир Юрий Ковалчук, ки аз ҳамсафони Путин аст, ба даст овардааст. Ковалчук ки ҳамзамон Бонки Русияро идора мекунад, ки зери таҳримҳои ИМА қарор дорад.

XS
SM
MD
LG