Ссылки доступа

ИМА ва СММ даргирӣ дар Қарабоғро маҳкум карданд (видео)


ИМА аз амалиёти ҷангӣ дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ интиқод карда, даъват намуд, ки ҷонибҳо аз ташаннуҷи бештари вазъ пешгирӣ кунанд. Ба ин мазмун котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ изҳорот пахш кард.

Иёлоти Муттаҳида шикасти оташбас ва даргирӣ дар Кӯҳистони Қаробоғро шадидан маҳкум ва аз ҳалокати одамон дар ин ҷо изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи Керрӣ, дар ин “вазъияти ногувор” ҷонибҳо бояд “фавран бо ҳимояти ҳамраисони Гурӯҳи Мински САҲА (Русия, Фаронса ва ИМА) ба гуфтушунид шурӯъ кунанд”.

Дабири кулли СММ Пан Ги Мун низ ба қатъи фаврии низоъ даъват кард. Нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу дар гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев пуштибонии Анқараро аз Боку эълон дошт. Эрон Боку ва Ереванро ба хештандорӣ даъват кард. Гурҷистон изҳор дошт, ки омода аст дидори раҳбарони Арманистон ва Озарбойҷонро барпо кунад. Қазоқистон аз вазъияти ба вуҷуд омада изҳори нигаронӣ намуд.

Сар аз шаби 2 апрел дар тамоми хатти тамоси Қаробоғ даргириҳои сахт оғоз шуд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба шикасти оташбас айбдор мекунанд.

Боку аз кушта шудани 12 низомии озабойҷонӣ дар ин даргириҳо хабар медиҳад. Ҷониби муқобил мегӯяд, 18 низомиашро талаф додааст.

XS
SM
MD
LG