Ссылки доступа

Юнон аз ифшои гуфтугӯҳо дар бораи қарзаш норозист


Мақомоти Юнон аз роҳбарияти Бунёди байналхалқии асъор (ББА) хостанд, ки дар робита ба ифшо шудани муҳтавои суҳбати мансабдорони баландпояи бунёд баёнот диҳанд.

Ҳангоми суҳбат, тавре аз ҳуҷҷатҳои дар сомонаи Wikileaks нашршуда маълум мегардад, роҳҳои фишор ба Юнон, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо ба хотири дастёбӣ ба созишномаи идомаи кумакҳо ба юнониҳо баррасӣ гардидааст.

Тавре аз муҳтавои суҳбате, ки рӯзи 19 март доир шудааст, бармеояд, яке аз ширкатдорон мегӯяд, барои дастёбӣ ба ин ҳадаф шояд ба як вазъияти буҳронӣ ниёз бошад.

Гуфтугуҳои навбатии Юнон бо қарздиҳандагон, ки миёнашон Олмон, Иттиҳоди Аврупо ва ББА низ ҳастанд, бояд ҳафтаи оянда баргузор шавад. Дар соли гузашта Юнон розӣ шуда буд, ки дар ивази кумаки чандинмиллиардии ББА ва Иттиҳоди Аврупо барои пешгирӣ аз муфлисшавӣ дар кишвар ислоҳот ҷорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG