Ссылки доступа

SOHR: яке аз роҳбарони "Ҷабҳат-ал Нусра" кушта шудааст


Дар шимолу шарқи Сурия яке аз роҳбарони гуруҳи тундгарои "Ҷабҳат-ал Нусра" ва наздики 20 ҷангҷӯи дигари ин гуруҳ дар пайи зарбаҳои ҳавоӣ кушта шудаанд, хабар медиҳад Маркази дидбони ҳуқуқи инсон дар Сурия (SOHR).

Дар хабаре, ки SOHR дирӯз нашр кард, гуфта шудааст, намояндаи гуруҳи "Ҷабҳат-ал Нусра" Абу Фирас ал-Сурӣ, ки ҳамчун намояндаи расмии ин гуруҳ муаррифӣ мешуд, писари вай ва ҳамчунин наздики 20 ҷангҷӯи дигари ин гуруҳ дар вилояти Идлиб кушта шудаанд. Хабар дода мешавад, ки миёни кушташудаҳо зодагони Ӯзбекистон низ будаанд.

Ҳанӯз дақиқ нест, ки зарбаҳои ҳавоиро нерӯҳои Русия задаанд ва ё нерӯҳои ҳукуматии Сурия. Абу Фирас ҳамчун аъзо ва асосгузори "Ҷабҳат-ал Нусра" маъруф буд. Вай дар солҳо 1980 дар ҷангҳои Афғонистон ҳам ширкат доштааст. Абу Фирас бо роҳбари пешини гуруҳи "Ал-Қоида" Усома бин Лодин робита дошт.

XS
SM
MD
LG