Ссылки доступа

Юнон ихроҷи муҳоҷиронро ба Туркия оғоз кард


Юнон нахустин гуруҳи муҳоҷиронро ба Туркия ихроҷ кард. Ин амал тибқи нақшаи Иттиҳоди Аврупо (ИА), ки ба хотири кам кардани муҳоҷирони Аврупо андешида шудааст, сурат мегирад. Ду киштии мусофирбар бо парчамҳои туркӣ, ки ҳомили 131 муҳоҷир буданд, 4 апрел аз ҷазираи Лесбоси Юнон ба сӯи Туркия ҳаракат карданд.

Ин муҳоҷирон, ки бештарашон аз Покистон ва Бангладеш ҳастанд, ба шаҳри Дикилии ғарби Туркия оварда мешаванд.

Мақомоти расмии Туркия гуфтанд, омодаанд, ки то 500 муҳоҷирро бипазиранд. Бино бар шартҳои созиши Иттиҳоди Аврупо ва Туркия, Анкара ҳамаи муҳоҷир ва фирориён, аз ҷумла гурезаҳои Сурияро, ки ғайриқонунӣ вориди Юнон шудаанд, хоҳад пазируфт. Дар иваз Иттиҳоди Аврупо гурезаҳои суриягии Туркияро қабул мекунад, ба Анкара пули зиёде мепардозад ва ҳамчунин ба низоми бевизаи равуо ва музокироти шомилшавии Туркия ба Иттиҳоди Аврупо мусоидат мекунад.

Созиши Иттиҳоди Аврупо бо Туркияро гуруҳҳои зиёди ҳомии ҳуқуқи инсон маҳкум карданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, амалиёти табодули муҳоҷирон ба таври комил омода нашудааст.

XS
SM
MD
LG