Ссылки доступа

Ҷабрдида наворбардорӣ дар додгоҳро "халал" шуморид


Дар ҷараёни додгоҳи парвандаи раиси собиқи ширкати миллии “Остона ЭКСПО-2017” Талгат Ермегияев ва чанд корманди баландмақоми ин ширкат дар Остона ҷониби ҷабрдида аз додгоҳ хост, ки аксбардорӣ ва наворбардорӣ дар ин муҳокима маҳдуд шавад.

Намояндаи ширкати “Остона ЭКСПО-2017” Майя Егимбаева зимни ин хоҳиши худ гуфт, хабарнигорон “ба раванди муҳокимаи додгоҳӣ халал мерасонанд”.

Айбдоршавандаи асосӣ Талгат Ермегияев аз ин дархост пуштибонӣ кард. Айбдоршавандаҳои дигар ва ҳимоятгаронашон ҳалли ин масъаларо ба салоҳияти суд вогузор карданд. Судя Адилхан Шайхисломов гуфт, ки дар ин масъала хулосаашро дертар баён мекунад ва ҷаласаи додгоҳиро идома дод.

Муҳокимаи пешакии парвандаи Ермегияев дар додгоҳи байниноҳиявии парвандаҳои ҷиноятии Остона 18-уми март шурӯъ шуд.

Пештар иттилоъ дода шуд, ки ба толори муҳокимаи додгоҳӣ танҳо ба аксбардорон ва наворбардорон иҷозаи вуруд дода мешавад. Хабарнигорони дигар рафти муҳокимаи додгоҳиро аз утоқи ҷудогона тавассути мониторҳо назорат мекунанд. Ҳамчунин аз хабарнигорон зимни вуруд ба бинои додгоҳ талаб карда шуд, ки телефонҳои ҳамроҳ ва таҷҳизоти электронии худро супоранд.

Талгат Ермегияев дар моҳи июни соли 2015 дар чаҳорчӯби тафтиши дуздиҳои эҳтимолӣ дар ширкати “Остона ЭКСПО-2017” боздошт шуда буд. Ӯро дар гирифтани 4,2 миллиард танга (беш аз 22 миллион доллар) подоши ғайриқонунӣ ва ҳамчунин азхудкунӣ ва сарфаи моликияти бегона айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG