Ссылки доступа

Кӯдакони қирғиз шӯриши зидди Русияро нишон медиҳанд (видео)


Дети в Кыргызстане играют в геноцид и восстание против России
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:31 0:00

Маъракаҳои гиромидошти ҳодисаҳои соли 1916 дар Қирғизистон тӯли сол идома мекунанд.

Ахиран дар Бишкек ҷашнвораи театрии бахшида ба ин мавзӯи ҳассос баргузор шуд. Дар он мактаббачаҳо аз шаҳри Талас намоишномаеро дар бораи ин шӯриш дар Осиёи Миёна ба тамошочиён пешкаш карданд.

Ин намоишномаро аз рӯи романи Мукай Элебаев худи мактаббачаҳо эҷод карданд. Қаҳрамони асосӣ - писарбачаи даҳсола аст ва нақши ӯро хонандаи синфи 3 иҷро мекунад. Мисли ҳазорон қирғизҳои дигар вай аз таъқибгарони Русияи подшоҳӣ ба Чин фирор мекунад. Аммо дар роҳи сафар модараш мефавтад ва кӯдак танҳо монда, ба ғуломӣ меафтад.

“Мо намоишномаҳои гуногунро ба саҳна гузоштаем, аммо маҳз мавзӯи шӯриши соли 1916 моро бештар шигифтзада сохтааст. Мо худ ин дардҳоро эҳсос кардем. Ин барои мо мавзӯи махсус аст”, - мегӯяд хонандаи синфи даҳум Олтиной Борукеева.

Мактаббачаҳои музофотӣ аз набудани маводи зиёди саҳнаӣ ва садои хуб дар он шарм намедоранд. Онҳо чунон бо эҳсос нақшҳои худро иҷро мекунанд, ки дар зери рангубори саҳнавӣ зуд пайхас намекунед, ки ҳунармандон кӯдаконанд.

Дети в Кыргызстане играют в геноцид и восстание против России
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:31 0:00

XS
SM
MD
LG