Ссылки доступа

Кишварҳои ОМ ва ИМА иқлими сармоягузориро беҳтар мекунанд


Намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар ҷаласаи Шӯрои созишномаи доиравии рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА бо номи TIFA ширкат мекунанд, ки аз 4 то 6 апрели соли равон дар Бишкек баргузрр мешаад. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати иқтисоди Қирғизистон хабар додааст.

Бар пояи ин хабар, дар нишасти мазкур фазои тиҷорату сармоягузорӣ, содагардонии додуситади байни кишварҳои узв дар чаҳорчуби низоми сабукиҳои ИМА барои кишварҳои дар ҳоли рушд ва ҳамчунин густариши имкониятҳои иқтисодии занон ва ёрмандӣ ба рушди соҳибкории миёни онҳо баррасӣ мешаванд.

“Гурӯҳҳои коршиносӣ дар мавзӯъҳои гумрук, меъёрҳо, чораҳои беҳдоштӣ ва фитосанитарӣ барои баррасии пешрафтҳо ва тарҳрезии иқдомоти мушаххаси соли оянда ҷаласа барпо мекунанд,” – омдааст дар баёния.

XS
SM
MD
LG