Ссылки доступа

Фавти духтари Владимир Маяковский дар Ню-Йорк


Нависанда ва файласуф Патритсия Томпсон - Елена Маяковская, духтари шоир Владимир Маяковский дар Ню-Йорк фавтид. Дар ин бора директори осорхонаи Маяковский Алексей Лобов хабар дод.

Духтари Маяковский 89 сол умр дид. Осорхонаи Москва ният дошт ҷашни 90-солагии ӯро таҷлил кунад ва ёдгориҳои Маяковскиҳоро ба намоиш гузорад.

Патритсия Томпсон аз Владимир Маяковский ва муҳоҷирзани рус Елизавета Зиберт, ки шоир дар соли 1925 дар Ню-Йорк бо ӯ шинос шудааст, ба дунё омадааст. Духтари Маяковский тамоми умр дар ИМА зиндагӣ кард, аммо бо ватани падариаш ҳамеша робита дошт. Патритсия дар 2,5-солагиаш ҳамагӣ як бор Маяковскийро дидааст, вале вай мегуфт, ин дидорро тамоми умр дар хотир дошт.

XS
SM
MD
LG