Ссылки доступа

"Вориси эҳтимолӣ"-и Назарбоев ҳам аз офшорҳо сар баровард


Яхта ва суратҳисобҳои бонкии набераи 31-солаи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Кипр пайдо шуд. Нуралӣ Алиев - нахустин касест, ки аз Осиёи Марказӣ дар "Панама-гейт", таҳқиқоти густарда дар бораи пулшуӣ дар минтақаҳои офшорӣ, зикр шудааст.

Пажӯҳише, ки аз сӯи Маркази таҳқиқоти фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ҳамроҳ бо чанд нашрияи дигар анҷом шуд, ошкор кард, ки набераи 31-сола ва "вориси эҳтимолӣ"-и президенти Қазоқистон ҳадди ақал ба ду ширкати дар Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабт шуда, робитаи бевосита дорад.

Нуралӣ Алиев бори аввал дар соли 2008 ба офшорҳо таваҷҷуҳ кардааст. Ба эҳтимоли зиёд, набераи Назарбоев баъди сард шудани муносибати падараш - Роҳат Алиев бо президент ба офшорҳо рӯ овардааст. Он замон ҷавонтарин миллионери ояндаи Қазоқистон соҳиби саҳмияҳои ширкати Baltimore Alliance Inc шуд. Ин ширкат дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабт шудааст. Дар ҳамон сол ширкати мазкур соҳиби яхта ва ё киштии 23-метраи Nomad гардид, ки аз тарафи ширкати Mossack Fonseca дар минтақаи офшор номнавис гардид. Дар ҳуҷҷатҳо нархи ин харидуфурӯш зикр нашудааст. Аммо, тавре муаллифони таҳқиқот менависанд, нархи бозории чунин киштиҳо 1,8 миллион доллар аст.

Ширкати дувуми офшории Алиев, ки рӯзноманигорон пайдо кардаанд, - Alba International Holdings Ltd. ҳаст, ки он ҳам дар ҷазираҳои Вирҷиния сабти ном шудааст. Ин ширкат барои нигаҳдории суратҳисобҳои бонкии Кипр истифода мешавад. Аз соли 2014 ба ин сӯ Invigorate Group молики ин ширкат шудааст.

Дар соли 2013 дар маҷаллаи Forbes Нуралӣ Алиеви 27-сола дар рӯйхати 50 фарди сарватманди Қазоқистон мақоми 32-ро соҳиб шуда буд.

XS
SM
MD
LG