Ссылки доступа

Обама ва Столтенберг нақши НАТО-ро зидди ДИ баррасӣ карданд


Президенти ИМА Барак Обама гуфт, ки НАТО дар масъалаи амният ва мубориза бо терроризм шарики калидӣ дар сиёсати ИМА боқӣ мемонад. Ин суханонро Обама дирӯз дар Вашингтон дар нишасти матбуотии муштарак баъд аз дидор бо дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг баён дошт.

Барак Обама гуфт, ки бо Йенс Столтенберг саҳми эҳтимолии НАТО дар Либия ва ҳамчунин нақшаи ин иттиҳод дар мусоидат ба Иттиҳоди Аврупо дар ҳалли бӯҳрони гурезаҳоро, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия пайдо шудааст, баррасӣ кардааст. Обама ва Столтенберг гуфтаанд, ки НАТО дар маъракаи зидди гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" (ДИ) нақши калидӣ дорад. Аз ҷумла, ин ниҳод аз тариқи расонидани кӯмак ба Либия дар мубориза бо ҷангиёни ин гурӯҳ ва омода сохтани артишҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла Ироқ ва Ӯрдун, ки низ зидди бо ДИ мубориза мекунанд, мусоидат мекунад.

"Мо ба таври доимӣ дар мавриди амалиёте ҳамкорӣ мекунем, ки эҳтимол дорад, дар минтақаҳое назири Либия анҷом меёбанд ва дар ин кишвар ҳокимият акнун фаъол мешавад,". - гуфт Обама.

Столтенберг гуфт, ки иттиҳод ба ҷустуҷӯи роҳҳои мӯътадил сохтани вазъият ва расонидани кӯмак ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Либия машғул аст, ки дар он ҷо ДИ фаъол мебошад.

XS
SM
MD
LG