Ссылки доступа

Ширкати офшории оилаи президенти Озарбойҷон ба тилои қирғиз умед дошт


Ширкати марбут ба оилаи президенти Озарбойҷон дар музояда барои коркарди кони тилои Қирғизистон дар соли 2012 ширкат карааст.

Ширкати Redgold Estates Azerbaijan Ltd тобистони соли 2012 дар озмуни нобарори коркарди тило дар Қирғизистон ширкат кард. Тибқи "Ҳуҷҷатҳои Панама", молики ин ширкат оилаи раҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев аст.

Ба ин озмун 11 кони тило ва як кони ангишт гузошта шуда буд ва дар он беш аз 35 ширкат аз кишварҳои мухталиф иштирок доштанд. Давраи ниҳоии озмун бояд дар моҳи августи соли 2012 дар пахши мустақими Шабакаи ҷамъиятии телевизионӣ ва радиоии Қирғизистон баргузор мешуд.

Redgold Estates Azerbaijan Ltd барои пайдо кардани ҳаққи коркард дар кони Қӯрғон-Тепа, Балиқтӣ, Қара-Кече, Туюқ, Чакмак-Суу, ки дар минтақаҳои мухталифи Қирғизистон вокеъ ҳастанд, талош кардааст. Аммо ин музояда аз сӯи ҷунбишҳои миллигаро халалдор шуд. Онҳо ба толори пахши мустақими телевизионӣ даромада, аз баргузории озмун монеъ шуданд. Онҳо ҳамаи сармоягузоронро аз толор берун карда, гуфтанд, ки ба фурӯши боигарии миллӣ иҷоза намедиҳанд.

"Ҳуҷҷатҳои Панама" - теъдоди бузурги асноди ширкатҳои офшорӣ дар тамоми ҷаҳон аст, ки онро хабарнигорони хориҷӣ аз манбаи махфӣ дар ширкати ҳуқуқии Mossack Fonseca дастрас кардаанд. Ин ширкат ба сабти ном ва корбурди тиҷоратии ширкатҳои офшорӣ кумак мекунад. Тибқи ин ҳуҷҷатҳо, Лайло ва Орзу Алиевҳо то 70% даромади конҳои тилои Озабойҷонро мегиранд.

XS
SM
MD
LG