Ссылки доступа

Муфтии Москва: мусалмонҳо ахлоқи худро аз даст доданд


Муфии Москва Илдар Аляутдинов дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ сабабҳои ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро шарҳ дод.

Ба гуфтаи Илдар Аляутдинов, сатҳи пойини маънавият, камсаводии динӣ ва осебпазирии иҷтимоӣ сабабҳои асосии пайвастани ҷавонони кишварҳои пасошӯравӣ ба ҷангҳои Ироқ ва Сурия мебошад.

"Баъзан ҷавонон бо мо рози дил мекунанд, ки мехоҳанд бираванд. Вақте сабабҳояшро мепурсем, рӯшан мешавад, ки онҳо бо мушкилиҳои равонӣ рӯбарӯ шудаанд ва наметавонанд мустақилона онҳоро бартараф кунанд. Онҳо дарк мекунанд, ки мақомот ҳам наметавонанд ин мушкили онҳоро бартараф созанд. Он гоҳ ба рафтан водор мешаванд. Аз тарафи дигар ҷамъияти мусалмонҳои мо бузург аст, миллионҳо нафаранд, не, миллиардҳо нафароне, ки бо рӯҳоният фавтидаанд", -мегӯяд Илдар Аляутдинов.

Дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ муфтии Москва ҳамчунин гуфт: "Баъзеҳоро фиреб медиҳанд, таҳқир мекунанд. Онҳо худро дар ин ҷо чӣ гуна эҳсос мекунад? Онҳо ҳеҷ ҳастанд. Вале вақте ба Ироқ ва Сурия рафта, бо автомат меҷанганд, тасаввур мекунанд, бо нафароне меҷанганд, ки онҳоро таҳқиру поймол мекарданд. Онҳо худро қаҳрамон эҳсос мекунанд. Ҳар шахсе, ки озими ҷанги ин кишварҳо мешавад, нафаре сабабгори рафтанаш шудааст - ягон ходими давлатӣ, вазир, вакил ё имоме".

(Ба расонаҳои хоҳишманд метавонем шакли аслии видеои мусоҳиба бо муфтии Москва Илдар Аляутдиновро ба забони русӣ фиристем).

XS
SM
MD
LG